30 Июн 2025 - 13:58
Source: Parstoday
Таҳдиди мустақими режими саҳюнӣ ба террори Ироқчӣ

Сафҳаи расмии режими саҳюнистӣ ба форсӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар иқдомии густохонау ноқизи қавонини байналмилалӣ ба  сироҳат, вазири умури хориҷаи Эронро ба террор таҳдид кард .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, сафҳаи расмии режими саҳюнистӣ ба форсӣ дар шабакаи иҷтимои “Х”  дар иқдомии густохонау ноқизи қавонини байналмилалӣ ба  сироҳат, Сайид Аббоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эронро ба террор таҳдид кард .
Дар ин сафҳа бо интишори аксе аз вазири умури хориҷа дар ташйиъи дирузи  пайкари  шаҳидони  Иқтидори Эрон дар Теҳрон омадааст: Cабри Исроил нисбат ба терруристҳое, ки моро таҳдид мекунанд ба поёни расида аст.
Исроил дар миёнаи ҷанги 12 рӯза, ҳам тарроҳӣ барои террори вазири умури хориҷа дар Теҳрон дошт, ки Неруҳои амниятии Эрон онро хунсо карданд .

Your Comment

You are replying to: .
captcha